Дар Тоҷикистон таваллуд каму ҳолатҳои фавт афзудааст

Date:

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 6 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваллуд 3,9% кам шуда, ҳолатҳои фавт –  11% афзудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли ним сол дар ҷумҳурӣ расман 100,9 ҳазор таваллуди тифлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 3,9% камтар мебошад.

Коҳиши шумори таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо сабт шудааст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба андозаи 3,8%, ноҳияҳои тобеи марказ – 3,6%, вилояти Суғд – 4,4%, ВМКБ – 5,5% ва шаҳри Душанбе – 3,6%.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввал шумори фавтидагон 18,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11% зиёдтар мебошад.

Дар вилояти Хатлон 6,6 ҳазор (11,6% зиёдтар), вилояти Суғд – 6,1 ҳазор (4,9 %), ноҳияҳои тобеи марказ – 4 ҳазор (11,9 %), шаҳри Душанбе – 1,7 ҳазор (34,6 %) ва ВМКБ – 467 (6,4%) ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба соли гузашта сатҳи афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар ин давра 6,7% поин рафта, 17,6 кас ба ҳар 1000 нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...