Дар Тоҷикистон таваллуд каму ҳолатҳои фавт афзудааст

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 6 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваллуд 3,9% кам шуда, ҳолатҳои фавт –  11% афзудааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли ним сол дар ҷумҳурӣ расман 100,9 ҳазор таваллуди тифлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 3,9% камтар мебошад. Коҳиши шумори таваллуд […]

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта давоми 6 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваллуд 3,9% кам шуда, ҳолатҳои фавт –  11% афзудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли ним сол дар ҷумҳурӣ расман 100,9 ҳазор таваллуди тифлон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 3,9% камтар мебошад.

Коҳиши шумори таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо сабт шудааст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ба андозаи 3,8%, ноҳияҳои тобеи марказ – 3,6%, вилояти Суғд – 4,4%, ВМКБ – 5,5% ва шаҳри Душанбе – 3,6%.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, нимсолаи аввал шумори фавтидагон 18,8 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11% зиёдтар мебошад.

Дар вилояти Хатлон 6,6 ҳазор (11,6% зиёдтар), вилояти Суғд – 6,1 ҳазор (4,9 %), ноҳияҳои тобеи марказ – 4 ҳазор (11,9 %), шаҳри Душанбе – 1,7 ҳазор (34,6 %) ва ВМКБ – 467 (6,4%) ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст.

Нисбат ба соли гузашта сатҳи афзоиши табиии аҳолии Тоҷикистон дар ин давра 6,7% поин рафта, 17,6 кас ба ҳар 1000 нафар аҳолии кишварро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.