Сабукдӯшии беш аз 100 нафар гумрукчиён пас аз аттестатсия

Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия (санҷиши сатҳи тахассус) зиёда аз 100 нафар кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Сардори Хадамот  Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки мувофиқи натиҷаҳои аттестатсия 118 нафар кормандон аз мансаб сабукдӯш шуда, боз 36 нафари дигар ба вазифаҳои поинтар таъин шуданд. “Миёни аз кор озодшудагон […]

Аз рӯйи натиҷаҳои аттестатсия (санҷиши сатҳи тахассус) зиёда аз 100 нафар кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Сардори Хадамот  Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки мувофиқи натиҷаҳои аттестатсия 118 нафар кормандон аз мансаб сабукдӯш шуда, боз 36 нафари дигар ба вазифаҳои поинтар таъин шуданд.

“Миёни аз кор озодшудагон афсарони қаторӣ ва сардорони постгоҳҳои гумрукӣ ҳузур доштанд. Ба ҳайати комиссияи аттестатсионӣ намояндагони дастгоҳи президенти Тоҷикистон шомил буда, аз натиҷаҳои аттестатсия норозигӣ надорем””, – қайд кард Каримзода.

Роҳбари Хадамот қайд кард, ки довталбони ишғоли вазифа дар Хадамоти гумрук аз рӯйи озмун, ки дар се давр мегузарад, ба кор қабул карда мешаванд.

“Дар озмуни охир мо 69 ҷойи кории холӣ пешниҳод кардем. 105 кас дархост фиристода, аксари он рад шуд, зеро сатҳи дониши довталабон нокофӣ буда, онҳо аз озмун нагузаштанд, – иброз дошт вай. – Агар шумо ба шаффофияти озмун шубҳа дошта бошед, метавонед ба хадамот омада, баргузории онро бевосита мушоҳида намоед”.

Ёдрас мекунем, ки 10 майи соли 2019 президенти мамлакат зимни вохӯрӣ бо кормандони бахши молиявӣ, бонк ва мақомоти андоз аз фаъолияти Хадамоти гумрук интиқод кард.

Он замон ӯ сардори терминали гумрукии “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабзодаро назди минбар даъват намуда, ӯро ба дуруғгӯӣ айбдор кард. Президент дастур дод, ки Раҷабзода бо хоҳиши худаш аз вазифа дар мақомоти гумрук даст кашида, инчунин пулҳои ба хориҷа гузаронидаашро баргардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.