Барканории гумрукчӣ Шаҳбоз Раҷабзода аз мансаб ва бехабарии падар аз корҳои писар

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони сохтори молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди “бозпурсӣ” қарор гирифт, аз мансаб барканор шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд. Дар вохӯрии зикршуда Эмомалӣ Раҳмон сардори терминали гумрукии “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабзодаро назди баландгӯяк […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон Шаҳбоз Раҷабзода, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони сохтори молия ва иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди “бозпурсӣ” қарор гирифт, аз мансаб барканор шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯрии зикршуда Эмомалӣ Раҳмон сардори терминали гумрукии “Душанбе-1” Шаҳбоз Раҷабзодаро назди баландгӯяк хонда, ӯро дар дуруғгӯӣ муттаҳам кард:

“Ҳамаи дастурҳои Сарвари давлат базудӣ иҷро мешаванд”, – чунин шарҳ доданд супориши президентро дар хадамоти матбуот, ки пас аз гуфтугӯ бо Раҷабзода ба ӯ хабар дод, ки аз кор озод шудааст.

Аммо дар бораи кадом сол ба кор омадан ва чанд муддат фаъолият доштани Шаҳбоз Раҷабзода дар Хадамоти гумрук маълумот дода нашуд.

Рӯзҳои истироҳат навори гуфтугӯи президент бо гумрукчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифта, корбарони Facebook аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки Шаҳбоз Раҷабзода ҷазо нагирифта, осонакак аз кор озод шуду халос.

Васоити ахбори умум аз баъзе ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Шаҳбоз Раҷабзода хабар доданд. Ӯ писари Музаффар Раҷабов, гӯё табиби оилаи президент будааст.

Ба идораи “Азия-Плюс” дақиқан маълум шуд, ки Музаффар Раҷабов сардухтури Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил аст. Дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ӯ аз шарҳи қазияи бо писараш рухдода худдорӣ варзид.

“Ман аз корҳои ӯ бехабарам. Коре, ки нисбати ӯ шуд. Дар ин бора гап задан намехоҳам”, – изҳор намуд Музаффар Раҷабов ба хабарнигори “Азия-Плюс” тариқи телефон ва зуд гӯширо хомӯш кард.

Тибқи маълумоти ВАО, дар як фурсати кӯтоҳ Шаҳбоз Раҷабзода аз унвони лейтенанти оддӣ то ба рутбаи подполковник боло рафтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио