Эмомалӣ Раҳмон дар бонкҳо на “ҷавонони бӯзбала”, балки бонувонро дидан мехоҳад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурати афзоиши шумори занон байни кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар ишора намуд. Зимни вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои андозу молия, гумрук ва соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат қайд кард, ки чандин маротиба дар ин хусус изҳори назар карда, вале то ҳол шумори кормандони мард дар бонкҳо зиёд боқӣ мемонад. Эмомалӣ Раҳмон […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба зарурати афзоиши шумори занон байни кормандони ташкилотҳои қарзии кишвар ишора намуд.

Зимни вохӯрӣ бо кормандони сохторҳои андозу молия, гумрук ва соҳаи бонкдорӣ Сарвари давлат қайд кард, ки чандин маротиба дар ин хусус изҳори назар карда, вале то ҳол шумори кормандони мард дар бонкҳо зиёд боқӣ мемонад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бисёр вақт дар филиалҳои минтақавии бонкҳо бо ҷавонони бӯзбала”-и дучор мешавад, ки ба сифати хазинадор (кассир) кор мекунанд.

Президенти мамлакат бар ин назар аст, ки ҷойи кори чунин ҷавонони солим бояд дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бошад, на бонкҳо.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, аксари ҳодисаҳои азхудкунии воситаҳои бонкӣ дар минтақаҳо бар асари маслиҳати роҳбарони филиалҳо бо муҳосибону хазинадорон, ки асосан мардон мебошанд, сурат мегирад.

Сарвари давлат мутмаин аст, ки дар вазифаҳои бонкие чун хазинадору муҳосиб ва ғайра бояд бонувон кор кунанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба президент иттилоъ дод, ки айни замон 31%-и кормандони Бонки миллиро занон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи раиси БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, ҳиссаи занон дар ҳайати шахсиии ин бонк ба 45% баробар аст.

Президент ин шуморро кам арзёбӣ намуда, афзоиши ҳиссаи бонувонро дар ҳайати шахсии сохтори бонкии ҷумҳурӣ зарур донист.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.