Дар Тоҷикистон хати телефони фаъол барои гирифтани кумаки таъҷилии равонӣ ба кор даромад

Дар Тоҷикистон хати телефони фаъол барои гирифтани кумаки таъҷилии равонӣ ба кор даромад. Сабаби ифтитоҳи хадамоти зикршуда ошкор шудани ҳолатҳои афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ дар аҳолӣ, бахусус дар замони паҳншавии коронавирус мебошад. Моҳи июл ташкилоти ҷамъиятии “Маркази кумаки равонӣ” бо дастгирии ЮНИСЕФ амалисозии лоиҳаеро доир ба масъалаи пешгирии рафтори ба худкушӣ нигаронидашуда байни ҷавонони синни то 19-сола […]

Ҷамшед Хусаинов, махсус барои Asia-Plus

Дар Тоҷикистон хати телефони фаъол барои гирифтани кумаки таъҷилии равонӣ ба кор даромад. Сабаби ифтитоҳи хадамоти зикршуда ошкор шудани ҳолатҳои афсурдаҳоливу рӯҳафтодагӣ дар аҳолӣ, бахусус дар замони паҳншавии коронавирус мебошад.

Моҳи июл ташкилоти ҷамъиятии “Маркази кумаки равонӣ” бо дастгирии ЮНИСЕФ амалисозии лоиҳаеро доир ба масъалаи пешгирии рафтори ба худкушӣ нигаронидашуда байни ҷавонони синни то 19-сола роҳандозӣ намуд.

Дар доираи лоиҳа барои равоншиносони мактабҳо, табибони оилавӣ, ки бояд аломатҳои рӯҳафтодагиро дар наврасон мушоҳида кунанд, тренингҳо гузаронида мешавад.

“Яке аз самтҳои кор ифтитоҳи телефонҳои боварӣ барои кумаки таъҷилии равонӣ мебошад. Дар хати алоқа 15 нафар мутахассисон, 3-тогӣ аз ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ қарор мегиранд. Дар сурати зарурат равоншинос метавонад ба мизоҷ бо хоҳиши худаш машварату тавсияҳо диҳад. Занг ба ин рақамҳо махфӣ буда, кумак бепул аст”, – мегӯяд роҳбари марказ Нафиса Юнусова.

Рақами телефонҳо

Дар сурати зимни суҳбат ошкор шудани ҳолатҳои зӯроварии шаҳвонӣ ё гендерӣ, равоншиносон барои ҷалби минбаъдаи ҳуқуқшинос ё корманди ташхиси судӣ-тиббӣ бо коршиносони хати фаъол (31 31) дар тамос мешаванд.

Ба гуфтаи Нафиса, бо вуҷуди барои наврасони синни то 19-сола пешбинӣ гардидани лоиҳа, шахсони ҳама гуна синнусол, ки аломатҳои афсурдаҳолӣ, инчунин аз коргонавирус ҳарос доранд, занг зада метавонанд. Ба ҳама кумак расонида мешавад.

ТҶ “Маркази кумаки равонӣ” соли 1997, замоне, ки бо ташаббуси омӯзгорону донишҷӯёни донишкадаи омӯзгорӣ кабинети кумаки равонӣ боз шуд, таъсис ёфт. Пас аз иштирок дар конфронси байнулмилалӣ бо талошҳои доктори улуми равоншиносӣ Нафиса Юнусова марказ мақоми ҳуқуқӣ гирифт.

РАҚАМИ ТЕЛЕФОНҲО ДАР ҶАДВАЛ ОВАРДА ШУДААСТ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.