Зинаи пасти Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии дастрасӣ ба бензин

Маркази таҳлилии Picodi ҷараёни тағйири арзиши бензин дар беш аз 100 кишварро пайгирӣ намуда, чӣ миқдор харидани бензинро бо назардошти маоши миёна дар кишварҳо ҳисоб кард. Мувофиқи гузориши таҳияшудаи “Индекси бензин 2020”, дар аксари кишварҳо нархи сӯзишворӣ поин рафтааст. Арзиши бензин танҳо дар 4 кишвар боло рафтааст: Беларус (12,4% афзоиш), Тоҷикистон (4,5%), Қазоқистон (1%) ва […]

Маркази таҳлилии Picodi ҷараёни тағйири арзиши бензин дар беш аз 100 кишварро пайгирӣ намуда, чӣ миқдор харидани бензинро бо назардошти маоши миёна дар кишварҳо ҳисоб кард.

Мувофиқи гузориши таҳияшудаи “Индекси бензин 2020”, дар аксари кишварҳо нархи сӯзишворӣ поин рафтааст.

Арзиши бензин танҳо дар 4 кишвар боло рафтааст: Беларус (12,4% афзоиш), Тоҷикистон (4,5%), Қазоқистон (1%) ва Русия (0,8%).

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нархи аз ҳама паст барои 1 литр бензин дар Қазоқистон (0,42 $) ва баландтарин – дар Тоҷикистон (0,77 $) ба қайд гирифта шудааст.

Аз рӯйи нархи сӯзишворӣ ва ҳаҷми он дар музди меҳнати миёна дар минтақа Қазоқистон пешсаф аст – 923 литр бензин.

Бо маоши миёна дар Ӯзбекистон метавон 330 литр, Қирғизистон – 329 литр ва Тоҷикистон – ҳамагӣ 151 литр бензин харид.

Дар ин рейтинги ҷаҳонӣ кишварҳои Халиҷи Форс пешсафанд: дар Арабистони Саудӣ, Қатар ва Кувейт бо маоши миёна аз 5112 то 8210 литр бензин харидан имкон дорад.

Вазъияти беҳад таассуфовар дар ин масъала дар Куба ба қайд гирифта шудааст, ки дар он бо маоши миёна метавон ҳамагӣ 28 литр бензин харидорӣ кард.

“Бо вуҷуди дар мавқеъҳои пасти рейтинг қарор доштани Тоҷикистону Замбия, сокинони ин кишварҳо дар муқоиса бо аҳолии Куба 7 баробар бештар сӯзишворӣ харида метавонанд”, – қайд мекунанд муаллифони таҳқиқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.