Раиси Кумитаи андоз: “Ширкати “Фароз” аз моҳи апрел фаъолияташро расман қатъ кард”

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ширкати “Фароз” аз моҳи апрел фаъолияташро расман қатъ кардааст.

“Ширкат фаъолияташро расман қатъ намуда, дар қайди Рӯйхати ягонаи андозсупорандагон нест. Ҷараёни барҳамдиҳӣ хеле тӯлонӣ сурат гирифта, онҳо ҳанӯз соли гузашта муроҷиат карда буданд, – хабар дод Давлатзода. – Ҳуҷҷатҳоро омода карда, моҳи апрел ин ҷараёнро ба охир расониданд”.

Ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи оё иваз карда шудани номи ширкат, ҷудогона фаъолият доштани корхонаҳои фаръи ширкати “Фароз” раиси Кумита посухи мушаххас надод.

“Ширкати “Фароз” корашро қатъ карда, ба ҷойи он ширкатҳои дигар фаъолият доранд”, – қайд кард Давлатзода, лекин аз шарҳи ҳамин посухаш низ худдорӣ варзид.

Нимаи моҳи сентябри соли 2019 ширкати “Фароз” дар бораи ихтиёрӣ барҳамдиҳиаш хабар дод. Он замон ширкат дар изҳороти худ сабаби ин тасмимро тоб наовардан ба рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ, фурӯши амвол, рухсатии кормандон, иҷрои уҳдадориҳо мансуб дониста буд.

Пас аз изҳорот дар бораи ихтиёран барҳамдиҳӣ, ширкат рӯзи 17-уми сентябр дар торнамои худ рӯйхати амволи ба фурӯш гузоштаашро дар доираи барҳамдиҳӣ нашр кард.

Мувофиқи рӯйхат, “Фароз” 4 анбори нигаҳдории сӯзишворӣ ва гази моеъ, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, 8 пойгоҳи автомобилӣ ва 1 мактаби тайёркунии ронандагон, ҳамчунин 9 маркази муоинаи техникии автомобилӣ ва таъмири мошинҳо, 3 корхонаи истеҳсоли бетон, шағал ва хиштро низ ба фурӯш гузошт.

Сарфи назар аз изҳороти ихтиёран барҳамдиҳӣ, моҳи ноябри соли гузашта ҳукумат барои сохтмони терминал ба самти роҳҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба ширкат 3 гектар қитъаи замин ҷудо кард.

Моҳи августи соли 2019 ба ширкат дар се нуқтаи вилояти Суғд барои сохтмони терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ 4,99 гектар қитъаҳои замин ҷудо карда шуд. Ширкат дар шаҳрҳои Панҷакенту Исфара ва ноҳияи Мастчоҳ бояд терминалҳои байнулмилалии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ бунёд кунад.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, шурӯъ аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад. Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе воқеъ аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.