Мансабдорони давлатӣ бо шакли нав дар бораи даромаду амволашон ҳисобот медиҳанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон шаклҳои нави эъломия барои мансабдорони давлатӣ дар бораи даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин тартиби пур кардани онҳо тасдиқ шуд.

Дар эъломия дар бораи андоз аз даромад мансабдорон бояд маълумоти зеринро дар бораи даромад, аз ҷумла дар хориҷи кишвар зикр кунанд:

– даромад аз ҷойи кори асосӣ; 

– даромад аз ҷойи кори ғайриасосӣ (дар ҳолати кор дар ду ва зиёда аз он ҷой бо зикри ҷойи корӣ (ҷойҳои корӣ)-и ғайриасосӣ);

– даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ (бо зикри навъи фаъолият ва ҷойи кор);

– даромад аз амволе, ки ба иҷора дода шудааст;

– даромад аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ;

– даромад аз қитъаи замине, ки ба иҷора гирифта шудааст (дода шудааст);

– даромад аз пасандозҳои бонкӣ;

– даромад аз ҳисса дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ (аз ҷумла фоида аз саҳмияҳо) ва дигар коғазҳои қиматнок;

– дигар даромадҳо (бо зикри навъи даромадҳо.

Дар эъломия дар бораи вазъи амвол зикри чунин маълумот зарур аст:

– дар бораи амвол (моликияти хусусӣ), аз ҷумла дар хориҷи кишвар;

– маълумот дар бораи амволи манқул ва ғайриманқул;

– дар бораи саршумори чорво ва паранда;

– дар бораи саҳмияҳо дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ; 

– дар бораи пасандозҳо, металл ва сангҳои қиматбаҳо;

– дар бораи уҳдадориҳои дорои хусусияти молиявӣ.

Муофиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, хизматчиёни давлатӣ бояд на дертар аз 1 апрел (моҳи минбаъда баъди соли ҳисоботӣ) ба мақомоти маҳаллии андоз эъломия дар бораи даромадҳо ва маълумотнома дар бораи вазъи амволро пешниҳод намоянд.

Пешниҳод накардани эъломия ё зикри маълумоти носаҳеҳ дар он ба аз кор озод шудани хизматчии давлатӣ ва минбаъд рад шудани қабули ӯ ба хизмати давлатӣ асос шуда метавонад.

Дар эъломияҳои то ин дам амалкунанда барои хизматчиёни давлатӣ маълумот дар бораи музди меҳнати солона, даромадҳо ва амвол (мошин, амволи ғайриманқул ва ғайра) зикр мешуд.

Мувофиқи моддаи 123-и Кодекси андози Тоҷикистон, мақомоти андоз ба ифшо кардани маълумоти эъломияҳо ҳуқуқ надоранд.

Лекин агар худи соҳиби эъломия хоҳиш дошта бошад, ки дар бораи сарчашмаҳои даромади худ хабар диҳад, пас ин ҷо ягон маҳдудият намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...