80% қонуншиканиҳоро дар Тоҷикистон ноболиғон содир мекунанд

Афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ ҳукумат ва чомеаро нигарон кардааст. Дар ин хусус дар Барномаи миллӣ оид ба пешгирии қонуншиканӣ байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 сухан меравад. Муаллифони санад бо истинод ба омори расмӣ қайд мекунанд, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 904 расид […]

Афзоиши ҳодисаҳои ҷинояткорӣ байни ноболиғон дар ҷумҳурӣ ҳукумат ва чомеаро нигарон кардааст. Дар ин хусус дар Барномаи миллӣ оид ба пешгирии қонуншиканӣ байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024 сухан меравад.

Муаллифони санад бо истинод ба омори расмӣ қайд мекунанд, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 904 расид ва соли 2019 – 873 ҷинояти ноболиғон сабт шуд.

Дар Барнома таъкид мешавад, ки соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 14 339, соли 2018 – 16 035 ва соли 2019 – 16 923 қонунвайронкунии маъмурӣ сабт шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи маълумоти оморӣ, 80%-и қонуншиканиҳо аз ҷониби ноболиғон содир мегардад, ки пас аз гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ пас аз синфи 9 дар ҳеҷ куҷо дигар на таҳсил мекунанду на кор.

“Аз ҷараёни кору таҳсил дур мондани ноболиғон, мушкилоти равонӣ, хушунат дар оила ва ҷомеа, бо манзил таъмин набудан, вобастагӣ ба машрубот ва маводи нашъаовар сабабҳои манфии ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон буда метавонанд”, – омадааст дар Барнома.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.