Бидуни имтиҳон. Донишҷӯёни ҳамаи мактабҳои олӣ бе имтиҳон ба курси дигар гузаштанд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор мекунад, ки  ба ҷуз хатмкунандагон ва донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибона, дигар ҳама донишҷуёни мактабҳои олии кишвар бар асари пандемия бе имтиҳон ба курсҳои дигар гузаронида шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт хабар дод, давраи имтиҳонсупории тобистонаи донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3 ба таври автоматӣ боздошта шуда, […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор мекунад, ки  ба ҷуз хатмкунандагон ва донишҷӯёни шуъбаҳои ғоибона, дигар ҳама донишҷуёни мактабҳои олии кишвар бар асари пандемия бе имтиҳон ба курсҳои дигар гузаронида шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт хабар дод, давраи имтиҳонсупории тобистонаи донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3 ба таври автоматӣ боздошта шуда, ба онҳо мутобиқи давомоти хониш ва натиҷаҳои имтиҳоноти зимистона баҳо гузошта шуд.

“Ба хатмкунандагони мактабҳои олӣ, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанд, пешниҳод шуд, ки имтиҳонҳоро тирамоҳ супоранд”, – иброз дошт Эҳсони Хушбахт.

Дар робита ба донишҷёни ғоибхон зикр гардид, ки вақте карантин эълон шуд, ғоибхонон машғулият надоштанд ва аз ин рӯ, онҳо ҳозир имтиҳони аз як курс ба курси дигар гузаштанро супорида, баъдан таҳсилро идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ навиштааст, ки дар донишгоҳ хабар додаанд, ки онҳо бояд аз 17 август имтиҳонҳоро супоранд, то ки ба курси дигар гузаронида шаванд. Эҳсони Хушбахт ин маълумотро рад кард.

Ёдрас мекунем, ки аз 27 апрел дар тамоми макутабҳои таҳсилоти умумӣ, кӯдакистон, коллеҷу омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон таътили муваққатӣ эълон шуд: нахуст то 10 май ва баъдан то 16 август тамдид шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 17 август ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва томактабии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.