Гуфтушуниди Тоҷикистон бо Русия барои харидории ваксинаи COVID-19

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Русия доир ба харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид  ба роҳ монд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат бо истинод ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров, гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд. Номбурда гуфтааст, […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Русия доир ба харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид  ба роҳ монд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат бо истинод ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров, гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд.

Номбурда гуфтааст, ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Русия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 млн воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Россия 142 млн нафарро ташкил медиҳад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Русия тақрибан 9 сол лозим аст.  Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар низ барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд.

“Азбаски байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина  дастрас карда мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни ҳол  дар Вазорати тандурустӣ гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, пеш аз ҳама, ваксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.

«Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамони ба COVID-19 гирифторшуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд, – қайд кардааст Наврӯзов. – Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд”.

Зимнан зикр мешавад, ки ваксинаи Русия бар зидди коронавируси нав 11 август ба қайд гирифта шуда, ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ мешавад ва аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Русия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.