Президент ба вазир супориш дод, ки барои омӯзгори ҷавони пойтахт ҳамсар ёбад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст, инчунин бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентиро боз кард. Зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагон дар маҷлисгоҳи мактаби нави пойтахт президент ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва муовини раиси пойтахт супориш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст, инчунин бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентиро боз кард.

Зимни вохӯрӣ бо намояндагони соҳаи маориф ва хонандагон дар маҷлисгоҳи мактаби нави пойтахт президент ба вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва муовини раиси пойтахт супориш дод, ки ба издивоҷи яке аз омӯзгорони ҷавони шаҳри Душанбе, ки назди сарвари давлат суханронӣ кард, мусоидат намоянд.

Дарси сулҳ бо иштироки сарвари давлат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Президент ба вазъи оилавии яке аз омӯзгорони ҷавони мактаби пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баъди фаҳмидани ҳоло оиладор набудани ӯ, дастур дод, ки ба издивоҷи ӯ мусоидат кунанд.

Ӯ тавсия дод, ки ҳамсари ояндаи омӯзгорро беҳтараш дар интернат барои духтарони ятими пойтахт ҷӯянд. Сарпарасти интернати мазкур ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.