Боздошти ду афсари баландпояи КДАМ ба гумони порагирӣ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сардори Раёсати тиббии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҚС КДАМ)-и Тоҷикистон полковник Ҷиёнхон Азизов ва муовини командири қисми ҳарбии ҚС КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ полковник Мирзодавлат Усмонзода ба гумони порагирӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ, 30 июл шаҳрванд А.Умарова ба ин Агентӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки нисбат ба афсарони дар боло зикршуда чораҳои қонунӣ андешида шавад.

“Зеро М.Усмонзода барои бо сабаби беморӣ аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш Т.Маазамов маблағи калони пулӣ ба сифати пора талаб намуда, дар ду маврид маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва Ҷ.Азизов дар се маврид маблағи 17 ҳазор сомонӣ ба сифати пора талаб карда гирифта, боз овардани маблағи 8 ҳазор сомониро талаб намуда истодаанд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҷ.Азизов баъди аз шаҳрванд А.Умарова гирифтани маблағи 8 ҳазор сомонӣ ба сифати пора дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

“Тафтишоти пешакӣ собит намуд, ки Азизов ва Усмонзода дар асоси маслиҳати пешакӣ, ҳамчун шахсони мансабдор барои иҷрои амали муайян, ки ба доираи ваколатҳои онҳо дохил мешавад, яъне дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз хизмати ҳарбӣ озод намудани сарбози бемор Маазамов Т. ба сифати пора дар маҷмӯъ маблағи 40 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбати Азизов ва Усмонзода бо моддаи 319 КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Қаблан КДАМ Тоҷикистон дар бораи боздошти мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ полковник Ҷонибек Маҳмадзода хабар дода буд.

Полковник Ҷонибек Маҳмадзода аз ҷониби кормандони КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт шуд. Нисбати Маҳмадзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ бурда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...