Қарз аз маош дар Тоҷикистон қариб ба $6 млн расид

Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 23,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба ин тариқ, бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба охири моҳи августи соли равон ба 60,6 млн сомонӣ (наздики 5,9 млн доллар) […]

Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон давоми 7 моҳи соли ҷорӣ 23,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ин тариқ, бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба охири моҳи августи соли равон ба 60,6 млн сомонӣ (наздики 5,9 млн доллар) расид.

Қарзи аз ҳама зиёд дар дар соҳаи сохтмон (18,3 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,5 млн сомонӣ), саноати коркард (8,1 млн сомонӣ), бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ (2,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст

Музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1447 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 140 доллар баробар аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3171 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2551 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2439 сомонӣ) ва сохтмоничиён (2403 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 523 сомонӣ сабт шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.

Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, оид ба нишондиҳандаҳо дар Қазоқистону Молдова ва Ӯзбекистон маълумот дастрас нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.