Бозии рафиқонаи мунтахабҳои футболи АМА ва Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд

Бозии байналмилалии рафиқона миёни мунтахабҳои миллии футболи Амороти Муттаҳидаи Араба (АМА) ва Тоҷикистон муваққатан доир намегардад. Рӯзи 3-юми сентябр мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд бо тими мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад. Ба иттилои Кумитаи милли олимпӣ, бозии мазкур, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида шудааст. Гуфта мешавад, ки бо дархости Ассотсиатсияи футболи […]

Asia-Plus

Бозии байналмилалии рафиқона миёни мунтахабҳои миллии футболи Амороти Муттаҳидаи Араба (АМА) ва Тоҷикистон муваққатан доир намегардад. Рӯзи 3-юми сентябр мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд бо тими мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад.

Ба иттилои Кумитаи милли олимпӣ, бозии мазкур, ки 6-уми сентябр ба нақша гирифта шуда буд, ба вақти дигар гузаронида шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо дархости Ассотсиатсияи футболи АМА, ки ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ирсол намуд, бозии рафиқонаи тимҳои миллии ду кишвар на 6 сентябр, балки моҳҳои октябр ё ноябр баргузор хоҳад шуд.

Акнун ба ҷои ду бозии рафиқонаи пешбинишудаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи сентябр як бозӣ доир хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон муқобили Муғулистон, Ҷопон ва Мянма дар доираи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022, ки моҳҳои октябр ва ноябр ба нақша гирифта шуда буд, бо қарори FIFA ва AFC ба соли 2021 гузаронида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.