Сардори СИҶҶ Тоҷикистон ба гумони коронавирус бистарӣ шуд

Date:

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ шудааст.

Дар беморхона маълумот дар бораи бистарӣ шудани Мансурҷон Умаровро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

“Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда, ҳозир муолиҷа мегирад, – хабар дод яке аз духтурони беморхона. – Айни замон вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, лекин ҳоло маълум нест, ки кай ҷавоб дода мешавад”.

Ба зангҳои телефонии “Азия-Плюс” Мансурҷон Умаров ҷавоб намедиҳад.

Қаблан Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаҳо, ки синнашон аз 50 то 70-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дидорбиниҳо бо наздикони пайвандон дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон то ҳол манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ менависад, моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...