Коронавирус то ҳол ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон имкон намедиҳад

Мавҷи дуюми пандемияи коронавирус, ки бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсоякишварҳоро фаро гирифт, ба раҳбарияти зиндонҳои Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷоза диҳанд. “Ҳарчанд шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон кам мешавад, оғози имконпазири мавҷи дуюми эпидемия раҳбарияти муассисаҳои ислоҳиро водор месозад, ки минбаъд низ тадбирҳои пешгириро риоя кунанд, ки манъи муваққатии […]

Мавҷи дуюми пандемияи коронавирус, ки бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсоякишварҳоро фаро гирифт, ба раҳбарияти зиндонҳои Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки ба дидорбинии маҳбусон бо наздиконашон иҷоза диҳанд.

“Ҳарчанд шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон кам мешавад, оғози имконпазири мавҷи дуюми эпидемия раҳбарияти муассисаҳои ислоҳиро водор месозад, ки минбаъд низ тадбирҳои пешгириро риоя кунанд, ки манъи муваққатии дидорбинӣ аз ҷумлаи онҳост”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров.

Умаров хотиррасон намуд, ки мутобиқи моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзоёни оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ҳуқуқ доранд.

“Ҳозир дар муассисаҳои ислоҳии кишвар беморони илтиҳоби шуш нестанд ва бо аломатҳои коронавирус низ муроҷиат намешавад. Лекин тавре медонем, дар бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла ҳамсояикшварҳо мавҷи дуюми эпидемия оғоз ёфт ва мо бояд ба риояи тадбирҳои пешгирӣ идома диҳем”, – гуфт Мансурҷон Умаров.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, хешону наздикони маҳбусон метавонанд  дар рӯзҳои корӣ ба онҳо маҳсулоту чизҳои иҷозашударо оранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.