Сӯхтор дар “Душанбе Молл”. Коршиносон манбаи сар задани онро меҷӯянд

Нимаи дуюми имрӯз дар маркази савдои “Душанбе Молл”-и пойтахт, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, сӯхтор ба амал омад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, наздики 12 метри мураббаъи ошёнаи сеюми маркази савдо, ки дар он галереяи ҳунарӣ мавҷуд аст, оташ гирифта, лекин дуд тамоми майдони биноро фаро гирифтааст. Наздики […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми имрӯз дар маркази савдои “Душанбе Молл”-и пойтахт, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, сӯхтор ба амал омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, наздики 12 метри мураббаъи ошёнаи сеюми маркази савдо, ки дар он галереяи ҳунарӣ мавҷуд аст, оташ гирифта, лекин дуд тамоми майдони биноро фаро гирифтааст.

Наздики 5 гурӯҳи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар фурсати кӯтоҳ оташро хомӯш карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=PF61rgdj9Oc

Ба иттилои манбаъ, ҳеҷ касе аз одамон аз сӯхтор осеб надидааст.

Коршиносон ҳаҷми зиён аз сӯхтор ва сабабҳои сар задни онро муайян мекунанд.

Дар наворҳои видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бинои марказ дудолудии зиёд дида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.