Сардори СИҶҶ Тоҷикистон ба гумони коронавирус бистарӣ шуд

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ шудааст. Дар беморхона маълумот дар бораи бистарӣ шудани Мансурҷон Умаровро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. “Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда, ҳозир муолиҷа мегирад, – хабар дод яке аз духтурони […]

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба бемории коронавирус дар Беморхонаи клиникии кӯдаконаи сироятии шаҳрӣ бистарӣ шудааст.

Дар беморхона маълумот дар бораи бистарӣ шудани Мансурҷон Умаровро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

“Мансурҷон Умаров ба гумони гирифторӣ ба коронавирус бистарӣ шуда, ҳозир муолиҷа мегирад, – хабар дод яке аз духтурони беморхона. – Айни замон вазъи солимиаш рӯ ба беҳбудӣ оварда, лекин ҳоло маълум нест, ки кай ҷавоб дода мешавад”.

Ба зангҳои телефонии “Азия-Плюс” Мансурҷон Умаров ҷавоб намедиҳад.

Қаблан Мансурҷон Умаров ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 11 нафар маҳбусон ва 3 корманди муассисаҳо, ки синнашон аз 50 то 70-соларо ташкил медод, аз бемории илтиҳоби шуш вафот кардаанд.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус дидорбиниҳо бо наздикони пайвандон дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон то ҳол манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ менависад, моҳи майи имсол Носир Умаров, бародари Мансурҷон Умаров ва корманди ширкати "Барқи тоҷик" дар бемористони Зарафшони шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.