Даргузашти роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён дар Самара

Asia-Plus

Раиси ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикистониён “Пайванд-Единство” Даврон Юсуфов дар шаҳри Самараи Русия аз олам даргузашт.

“Губернатори вилояти Самара Дмитрий Азаров ба наздикону пайвандон ва ҳамкорони ӯ ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки намояндаи барҷастаи халқи тоҷик Даврон Юсуфбекович барои таъмини сулҳу субот ва ризоият байни миллатҳо дар қаламрави минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ медод”, – хабар дода мешавад дар сомонаи ҳукумати вилояти Самара.

Роҳбари вилоят изҳор доштааст, ки Даврон Юсуфов муддати беш аз 20 сол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят фаъолона иштирок мекард.

“Ӯ барои баргузории чорабиниҳои миллӣ, ҷашнвораҳои варзишӣ талош варзида, ба ҳамватанони худ дар ҳимоя аз ҳуқуқҳои қонунии худ, дастрасии муҳоҷирони корӣ ба ёрии ҳуқуқӣ кумак мекард, – таъкид доштааст Азаров. – Бо донишу таҷрибаи ғании ҳаётӣ, мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ, неруи созанда ва қобилияти ташкилотчигӣ ӯ байни ҳамкорону ҳаммаслакон ва намояндагони ташкилотҳои миллии минтақа соҳиби обрӯву эҳтиром ва нуфуз  буд”.

“Барои вилояти мо ин талафоти бузург аст. Хотираи неки Даврон Юсуфбекович ҳамеша дар қалбҳои мо боқӣ хоҳад монд”, – илова кардааст Азаров.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...