Тоҷикистон дар шароити пандемия боркашониро тариқи роҳи оҳан афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон тариқи ҳама навъи нақлиёти Тоҷикистон беш аз 46,4 млн тонна молу маҳсулот кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,1% камтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ 2,2% кам шуда, 42,9 млн тонна ва тариқи роҳи оҳан баръакс – 15,6% афзуда, қариб 3,6 млн тоннаро ташкил додааст.

Боркашонӣ тариқи роҳи ҳавоӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 42% коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 400 тонна баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2019 дар ин давра мусофиркашонӣ бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба миқдори 9% кам шуда, ҳамагӣ ба 354 млн нафар мусофирон хизмат расонида шудааст.

Мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар муқоиса бо 7 моҳи соли гузашта ба андозаи 9%, нақлиёти роҳи оҳан – 21,5%, авиатсия (роҳи ҳавоӣ) – 61,9% ва нақлиёти барқӣ – 5,2% коҳиш ёфтааст.

Охири моҳи март дар робита ба пандемияи коронавирус Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро ба ҳама самтҳо қатъ намуд. Инчунин равуо бо самтҳои заминии байнулмилалии мусофирбар низ боздошта шуд. Лекин боркашониҳои байнулмилалӣ бе ҳеҷ гуна маҳдудият амалӣ мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...