Вазорати маориф: Аз дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Чин ҳушёр бошед!

Вазорати маорифи Чин аз пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе “донишгоҳ”-ҳо дар ин кишвар хабар додааст.  Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми августи соли 2020 сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати маорифи Чин аз пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе “донишгоҳ”-ҳо дар ин кишвар хабар додааст. 

Бино ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, рӯзи 6-уми августи соли 2020 сомонаи расмии Агентии иттилоотии «Синхуа» дар мавриди пайдо шудану ба таври қаллобӣ фаъолият намудани баъзе ба ном «донишгоҳ»-ҳо, ки гӯё дар ҳудуди кишвари Чин фаъолият мекунанд, хабар додааст.

Ҳамзамон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ВКХ ва Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Пекин дар такя ба Вазорати маорифи Чин ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Чин хоҳиши таҳсил доранд, мерасонад, ки дар мавриди интихоб ва дохилшавӣ ба муассисаи таълимӣ ҳушёр бошанд.

Вазорати маорифи Чин аз кулли довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар муассисаҳои таълимии ин кишварро доранд, даъват ба амал овардааст, ки ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби «донишгоҳҳои қалбакӣ» гирифтор нашаванд.

“Довталабон бояд қабл аз дархост гузоштану супоридани имтиҳонҳои қабул ба таври онлайнӣ ба торнамои расмии вазорат ва ё торнамои дигар мақомоти дахлдор дар WeChat ворид шуда, дар бораи муассисаҳои таълимии интихобкардаашон маълумоти дақиқ пайдо кунанд,” – таъкид намудааст Вазорати маорифи Чин.

Гуфта мешавад, тамоми донишкадаву донишгоҳҳои дар вазорати мазкур бақайдгирифташуда рамзи истисноии худро доранд, ки шаҳрвандон онро дар торнамоҳои низоми махсуси бақайдгирии довталабон пайдо карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.