Тоҷикистон дар шароити пандемия боркашониро тариқи роҳи оҳан афзуд

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон тариқи ҳама навъи нақлиёти Тоҷикистон беш аз 46,4 млн тонна молу маҳсулот кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,1% камтар мебошад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ 2,2% кам шуда, 42,9 млн тонна ва тариқи роҳи оҳан баръакс – […]

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон тариқи ҳама навъи нақлиёти Тоҷикистон беш аз 46,4 млн тонна молу маҳсулот кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,1% камтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ 2,2% кам шуда, 42,9 млн тонна ва тариқи роҳи оҳан баръакс – 15,6% афзуда, қариб 3,6 млн тоннаро ташкил додааст.

Боркашонӣ тариқи роҳи ҳавоӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 42% коҳиш ёфта, ҳамагӣ ба 400 тонна баробар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2019 дар ин давра мусофиркашонӣ бо ҳама гуна навъҳои нақлиёт ба миқдори 9% кам шуда, ҳамагӣ ба 354 млн нафар мусофирон хизмат расонида шудааст.

Мусофиркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар муқоиса бо 7 моҳи соли гузашта ба андозаи 9%, нақлиёти роҳи оҳан – 21,5%, авиатсия (роҳи ҳавоӣ) – 61,9% ва нақлиёти барқӣ – 5,2% коҳиш ёфтааст.

Охири моҳи март дар робита ба пандемияи коронавирус Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро ба ҳама самтҳо қатъ намуд. Инчунин равуо бо самтҳои заминии байнулмилалии мусофирбар низ боздошта шуд. Лекин боркашониҳои байнулмилалӣ бе ҳеҷ гуна маҳдудият амалӣ мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.