Антисептик, ниқоб ва асал… Маҳсулоти парки технологии Дарвоз

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 август дар ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, […]

Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19 август дар ноҳияи Дарвоз Парки инноватсионии саноатию технологиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Парки инноватсионии саноатию технологӣ ду гармхона бо муосиртарин технология, 6 коргоҳи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, либос ва айнакҳои муҳофизатӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, коргоҳи коркард ва бандубасти асал ва коргоҳи истеҳсоли картон ба фаъолият оғоз намуданд.

Гуфта мешавад, бо оғози фаъолияти парки технологӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки 70 фоизи коргарони корхонаро занону духтарони хонанишин ташкил медиҳад.

“Дар гармхонаҳо аслан қувваи корӣ кам истифода гардида, сабзавот дар нурии махсус шинонида мешавад. Дигар амал, аз ҷумла муътадил нигоҳ доштани ҳарорати ҳавои дохили гармхонаҳо, обмонӣ бо усули қатрагӣ, нуридиҳии зироат ва ғизодиҳӣ ба воситаи технологияи ҷадид, автоматӣ анҷом дода мешавад, ки ин нахустин таҷриба дар ноҳияи Дарвоз мебошад”, – омадааст дар хабар.

Дар навбати аввал дар ин ҷо 3 ҳазору 600 кучати 3 намуди сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва булғорӣ бо усули нав парвариш ёфтааст, ки айни ҳол нашъунамои хуб доранд.

Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи нави маҳлулҳои антисептикӣ, ниқоб, айнак ва либосҳои муҳофизатӣ истеҳсоли Туркия, Русия ва Чин мебошанд.

Дар коргоҳ ду намуди маҳлули антисептикӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна маҳлули антисептикӣ буда, ояндаи наздик бо ворид гардидани дастгоҳҳои муосир истеҳсоли боз 12 намуд маводи доруворӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба роҳ монда мешавад.

“Зарфҳои махсуси маҳлулҳои антисептикии 50 грамма то 5 литра аз хориҷи мамлакат дастрас гардида, бо истифода аз технологияи пешрафта ва тарҳи хело зебо банду баст карда мешавад”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар як шабонарӯз дар хати истеҳсоли ниқоб 24 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори хати истеҳсоли айнакҳои тиббӣ ва муҳофизатӣ  дар як шабонарӯз наздики 50 ҳазор донаро ташкил медиҳад.

Оби чашма ба Коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан аз масофаи 1 километр бо қубурҳои қутрашон гуногун оварда шуда, дар зарфҳои аз 0,5 то 5 литра омода мешавад.

Гуфта мешавад, маҳсулоти корхонаи мазкур ба пуррагӣ ивазкунандаи воридот буда, оянда дар баробари таъмини аҳолӣ, ҳамзамон ба хориҷи мамлакат низ содирот карда мешавад.

Дар парки технологӣ инчунин фаъолияти корхонаи коркард ва бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Маҳсулоти корхона ба содирот нигаронида шуда, барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ, тарабхонаҳо, қаҳвахона ва марказҳои табобатӣ низ нигаронида шудааст.

Айни ҳол коргоҳи мазкур бо иқтидори 650 киллограм дар як соат маҳсулотро коркард ва банду баст менамояд. Дар ин хати истеҳсолӣ дар баробари коркарди босифати асали ватанӣ, боз имкон аст, ки намудҳои гуногуни маҳсулоти консерва ба роҳ монда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.