Дар Тоҷикистон сармоягузорӣ аз Ҷумҳурии Кореяро интизоранд

Date:

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “KOSHUMA” (Korean Smart Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея рӯзи 18 августи соли равон Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар заминаи Ёддошт ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷалби сармояи кореягӣ дар назар аст.

Қайд мешавад, ки айни замон беш 180 ширкатҳои бонуфузӣ кореягӣ, истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Гуфта мешавад, ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея феълан дар Тоҷикистон қарор дошта, бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва ширкатҳои кишвар доир ба ин масъала гуфтушунид мекунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар дурнамои миёнамуҳлат дар нақша дорад, ки ҳаҷми ҷалби сармояи хориҷиро ба ҷумҳурӣ ба таври назаррас афзун кунад.

Дар Дурнамои аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҶТ барои солҳои 2021-2023 дар ин робита қайд мешавад, ки соли равон ҳукумат аз ҷалби 682 млн доллар, соли 2021 – 774 млн доллар, соли 2022 – 924 млн доллар ва соли 2023 – 1 млрд 69 млн доллар сармоягузории хориҷӣ интизорӣ дорад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузориҳои мустақим ва 261,2 млн доллари боқимонда – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Сармоягузори асосӣ ба Тоҷикистон то ҳол Чин боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...