Коронавирус дар Тоҷикистон: 34 сироятёфта дар рӯзи якшанбе

То шоми 23 август дар Тоҷикистон 8 ҳазору 311 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзи якшанбе шумори сироятёфтагон дар умум 34 нафар афзуд. Гуфта мешавад, аз оғози пандемия теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ 66 нафарро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки ҳамзамон, то ин дам […]

То шоми 23 август дар Тоҷикистон 8 ҳазору 311 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар рӯзи якшанбе шумори сироятёфтагон дар умум 34 нафар афзуд.

Гуфта мешавад, аз оғози пандемия теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ 66 нафарро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки ҳамзамон, то ин дам дар мамлакат  7 ҳазору 108  нафар (85,5%)    аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 80 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 36 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Дар ҳамин ҳол, директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус бар ин назар аст, ки барои пирӯзӣ ба пандемияи коронавирус на камтар аз ду сол вақт лозим мешавад.

Рӯзи 21 август ӯ чунин изҳори назар намуда, пандемияи SARS-CoV-2-ро ба зукоми испании солҳои 1918-1920 муқоиса кардааст. Дар ҳамин ҳол, хотиррасон кардааст, ки соли 1918 пандемияи зукоми “испанӣ”, ки ба марги миллионҳо боис гардид, тӯли ду сол идома ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.