Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бори навбатӣ ба мансаби президент пешбарӣ шуд

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 23 август дар анҷумани ғайринавбатии худ раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ кард. Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда, лекин миқдори зарурии овозҳоро ба даст наоварда буд. Он замон ба ҷонибдории ӯ ҳамагӣ 1,02%-и интихобкунадагон овоз дода буданд. Дар […]

Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 23 август дар анҷумани ғайринавбатии худ раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро ба мансаби президентӣ дар интихобот пешбарӣ кард.

Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда, лекин миқдори зарурии овозҳоро ба даст наоварда буд. Он замон ба ҷонибдории ӯ ҳамагӣ 1,02%-и интихобкунадагон овоз дода буданд.

Дар интихоботҳои парлумонии соли 2015 ва соли 2020 Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон 3-тоаш – Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров) ва Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Номзадии раиси Ҳизби аграрӣ Латифзода бору дуюм ва раиси Ҳизби сотсиалистӣ Ғаффоров маротибаи сеюм пешбарӣ мешавад.

Дар назар аст, ки Ҳизби коммунист ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ аввали моҳи сентябр номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби мухолифи сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол рӯзи баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ рӯзи 21 август изҳор дошт, ки ташкилотҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии кишвар мухолифи иштироки сотсиал-демократҳо дар интихоботи президентӣ мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.