Бозиҳои ду даври чемпионати футболи Тоҷикистон ба моҳи сентябр гузаронида шуданд

Лигаи футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳои чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат тағйирот ворид намуда, бозиҳои ду даврро ба моҳи сентябр гузаронид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба моҳи сентябр гузаронидани бозиҳои давраи 14 ва 15-уми чемпионат ба омодагиии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими мунтахаби Ӯзбекистон рӯзи 3 сентябр дар […]

Лигаи футболи Тоҷикистон ба тақвими бозиҳои чемпионати Лигаи олии футболи мамлакат тағйирот ворид намуда, бозиҳои ду даврро ба моҳи сентябр гузаронид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба моҳи сентябр гузаронидани бозиҳои давраи 14 ва 15-уми чемпионат ба омодагиии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими мунтахаби Ӯзбекистон рӯзи 3 сентябр дар Тошканд вобаста аст.

Ба ин тариқ, бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи Лигаи олии футбол байни дастаҳои «Файзканд» – КМВА (ЦСКА), «Душанбе-83» – «Хатлон», «Хуҷанд» – «Истаравшан», «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив-Помир» – «Кӯктош», ки бояд рӯзҳои 28-29 август доир мегардиданд, рӯзҳои 7, 8 ва 11 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯриҳои даври 15-уми чемпионат байни дастаҳои «Истаравшан» – «Файзканд», «Хатлон» – «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Истиқлол» ва КМВА (ЦСКА) – «Душанбе-83», ки ба рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр ба нақша гирифта шуда буданд, рӯзҳои 29 ва 30 сентябр доир мегарданд.

Ғайр аз ин, Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои даври чаҳорякфиналии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Бозӣ байни дастаҳои «Равшан» – «Истиқлол», «Эсхата» – «Хатлон», «Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» – «Кӯктош» рӯзҳои 13 ва 15 сентябр баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.