Пешниҳоди кумаки СММ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми $61 млн барои мубориза бо коронавирус

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати […]

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои СММ ва зерсохторҳои онро барои амалӣ намудани ҳадафу афзалиятҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар намояд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба чораҳои андешидаи ҳукумати кишвар ва нақшаҳои СММ вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.

“Хонум Сезин Синаноглу Барномаи мукаммали вокуниши иҷтимоию иқтисодӣ ба таъсири COVID-19 дар Тоҷикистонро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки барномаи мазкур бо буҷаи умумии беш аз 61 миллион доллар ба 5 самти муҳим пеш аз ҳама "тандурустӣ, "ҳимояи одамон", "чораҳои макроиқтисодӣ", "барқарорсозии макроиқтисодӣ" ва "ҳамгироии иҷтимоӣ" равона мегардад”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳамзамон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани паёмадҳои манфии пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии ҶТ барои солҳои 2021-2025 баён доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.