Лукашенко бо чархбол хиёбони марказии Минскро чарх зада, бо силоҳ ба қароргоҳаш баргашт

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки бахше аз мардум зиёда аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъди пароканда шудани норозиён, бо чархбол хиёбони марказии Минскро "гашт". Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод аб хадамоти матбуоти президенти Беларус, ӯ дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ё либоси тирногузар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки бахше аз мардум зиёда аз ду ҳафта боз истеъфояшро талаб доранд, шоми 23-юми август, баъди пароканда шудани норозиён, бо чархбол хиёбони марказии Минскро "гашт".

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод аб хадамоти матбуоти президенти Беларус, ӯ дар даст силоҳ ва дар тан ҷавшан ё либоси тирногузар дошт. Лукашенкоро писари понздаҳсолааш Николай ҳамроҳӣ мекард.

Гуфта мешавад, рӯзи 23-юми август дар шаҳри Минск "Роҳпаймоии Белоруси нав" баргузор шуд ва дар он ҳазорҳо нафар иштирок карданд.

Лукашенко баъд аз "назорати" хиёбонҳо бо чархбол ба Қасри Истиқлол баргашт ва ба нирӯҳои ОМОН ибрози сипос намуд ва ҳамзамон гуфт, "мо бо онҳо ҳисобу китоб мекунем".

Зикр мегардад, ки интихоботи президентӣ дар Белорус рӯзи 9-уми август баргузор шуд. Аз он замон то кунун гуруҳе аз сокинон ба натиҷаҳои расмии интихобот, ки Лукашенкоро бори дигар пирӯз эълон кардааст, норозиянд ва истеъфои ӯ ва баргузори интихоботи навро талаб доранд. Эътирозгарон мегӯянд, дар ҳисоби раъйи мардум тақаллуб сурат гирифтааст.

Аммо Лукашенкои 65-сола, ки аз соли 1994 боз дар сари қудрат аст, худро пирӯзи ин корзори сиёсӣ медонад ва иддао дорад, 80 дарсади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Рақиби асосии ӯ дар ин интихобот Светлана Тихановская, ки ҳоло дар Литва паноҳ бурдааст, мегӯяд, 60-70 дарсади интихобкунандагон аз ӯ пуштибонӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.