ИМА ба Ӯзбекистон 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дод

Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар ИМА, ба Тошканд 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) фиристода шудааст, ки арзиши умумии онҳо наздики 2,5 млн долларро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузории “Дунё”, дастгоҳҳо дар доираи кумаки башардӯстона дода мешаванд, ки моҳи июн аз ҷониби дастгоҳи президент Доналд Трамп эълон шуда буд. Таҷҳизоти тиббӣ дар корхонаи амрикоии «Zoll […]

Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар ИМА, ба Тошканд 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) фиристода шудааст, ки арзиши умумии онҳо наздики 2,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Дунё”, дастгоҳҳо дар доираи кумаки башардӯстона дода мешаванд, ки моҳи июн аз ҷониби дастгоҳи президент Доналд Трамп эълон шуда буд. Таҷҳизоти тиббӣ дар корхонаи амрикоии «Zoll Medical Corporation» истеҳсол шудааст, ки дар таҳияву коркарди технология ва таъминоти барномавии таъиноти тиббӣ таҷрибаи 40-солаи корӣ дорад.

Дастгоҳҳои интиқолёфта тибқи фармоиши махсус бо назардошти зерсохтори техникии зербинои муассисаҳои низоми тиббии Ӯзбекистон истеҳсол гардида, зимни муолиҷа дар беморхона ва ҳамчунин ҳангоми интиқоли бемор бо воситаи нақлиёт истифода мешаванд.

Дастгоҳҳои зикршуда ба истифодаи тарзу усули гуногуни нафасдиҳии сунъӣ ба шушҳо ва солим нигоҳ доштани ҷисм имкон дода, барои кӯдакони хурдсол ва калонсолон пешбинӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, дастгоҳҳои аз ҷониби ИМА пешниҳодшударо Вазорати тандурустии Ӯзбекистон байни 62 муассисаҳои тиббӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тақсим мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.