Дар Тоҷикистон Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ таҳия мегардад

Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор барои танзими низоми расонидани хизматгузориҳо дар ин соҳа ташкил карда мешавад. Ба қонуни нав “Дар бораи сайёҳӣ”, ки 7 августи соли равон аз ҷониби президент ба имзо расид, дар ин хусус моддаи дахлдор илова шудааст. Гуфта мешавад, Феҳристи давлатӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ (тариқи интернет) […]

Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор барои танзими низоми расонидани хизматгузориҳо дар ин соҳа ташкил карда мешавад.

Ба қонуни нав “Дар бораи сайёҳӣ”, ки 7 августи соли равон аз ҷониби президент ба имзо расид, дар ин хусус моддаи дахлдор илова шудааст.

Гуфта мешавад, Феҳристи давлатӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ (тариқи интернет) роҳандозӣ мешавад.

Тартиби бақайдгирӣ дар феҳрист аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ба қонун дар маҷмӯъ 19 моддаи нав илова шудааст, ки дар онҳо аз ҷумла, ҳавасмандсозии бахши сайёҳӣ тавассути пешниҳоди имтиёзоти гуногун барои субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Қонуни пешин “Дар бораи сайёҳӣ”, ки ҳукми қонунии худро аз даст дод, моҳи сентябри соли 1999 қабул шуда буд.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, сарфи назар аз пандемия, тӯли 6 моҳи соли равон қариб 342 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 ҳазор нафар ё худ 43% камтар аст.

Мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо 306 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 44,2% кам шудааст.

Дар ним сол 326 ҳазор нафар шаҳрвандон аз кишварҳои ИДМ ва 16 ҳазор нафар – аз кишварҳои хориҷи дур ба Тоҷикистон омадаанд. Шумори аз ҳама бештари вуруд аз Ӯзбекистон (234 ҳазор нафар), Русия (44 ҳазор), Қирғизистон (39 ҳазор) ва Қазоқистон (6 ҳазор) сабт шудааст.

Байни давлатҳои хориҷи дур шумори бештари вуруд аз Афғонистон (4,4 ҳазор нафар), Туркия (1,8 ҳазор нафар) Чин (1,5 ҳазор), ИМА ва Эрон (800-нафарӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, айни ҳол дар Тоҷикистон 215 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки аксарияти сайёҳони хориҷӣ бидуни муроҷиат ба ин ширкатҳо ба Тоҷикистон меоянд.

Дар ҷумҳурӣ 188 меҳмонхона, 26 хостелу мотел (хобгоҳҳо), 44 осоишгоҳ, 8 маркази истироҳату солимӣ, 10 хонаи истироҳат, 1 пансионат (осоишгоҳ), 1 кемпинг ва 4 пойгоҳи сайёҳӣ фаъолият мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пандемияи коронавирус аз охири моҳи феврал сарҳадҳои Тоҷикистон баста шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.