Беморхонаи сироятии Зарафшони пойтахт дар таъмир буда, одамонро қабул намекунад

Date:

Дар беморхонаи сироятии Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон воқеъ аст, таъмири асосӣ ҷараён дорад. Ин ҷо аллакай як моҳ инҷониб беморонро қабул намекунанд.

Сардухтури беморхона Хуршед Ҳабибов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз анҷоми таъмир беморхона бо таҷҳизоти нав таъмин мегардад.

“Бо сабаби ҳолати хеле бади бино ва зерсохтори беморхона, зарурат пеш омад, ки ба корҳои таъмир оғоз кунем, зеро қубурҳои обрасон хеле куҳнаву фарсуда гардида аз онҳо ба девору фарш об ҷорӣ мешуд, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, дигар беморонро қабул карда наметавонистем”.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин ҷо дар як вақт 390 нафар бо муолиҷа фаро гирифта шуда метавонанд.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, айни замон шахсони гумонбар ба сирояти коронавирусро дар Душанбе дар беморхонаи маркази солимии №1 (беморхонаи 1-ум Советский) ва Беморхонаи кӯдаконаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии пойтахт қабул мекунанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июн муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ба фаъолият бо реҷаи муқаррарӣ баргаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...