Хуҷанд: падари дар лату кӯби доимии фарзандонаш дастдошта ба 2 соли зиндон маҳкум шуд

Суди шаҳри Хуҷанд Фирдавс Иномзодаро, ки бо лату кӯби доимии фарзандонаш ва ба ин васила аз ҳамсари дар муҳоҷират қарордоштааш ҷудо шуданӣ буд, ба 2 соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти суди шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Иномзодаи 34-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд Фирдавс Иномзодаро, ки бо лату кӯби доимии фарзандонаш ва ба ин васила аз ҳамсари дар муҳоҷират қарордоштааш ҷудо шуданӣ буд, ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти суди шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Иномзодаи 34-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи ноболиғ) гунаҳкор дониста шуда, ба 2 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.

Охири моҳи майи соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбати Фирдавс Иномзода мутобиқи моддаи 117 КҶ ҶТ(Азобу уқубат) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Он замон зикр гардида буд, ки зимни бозпурсии аввал ӯ изҳор доштааст, ки фарзандонро барои тезонидани аз модарашон ҷудо шудан лату кӯб мекардааст. Модарашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, ба номи ҳамсараш барои баровардани эҳтиёҷоти фарзандонаш доимо пул мефиристодааст.

Мавриди зикр аст, ки Фирдавс Иномзода соли 2017 ба иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қаблакӣ маҳкум шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.