Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати прокуроре, ки дар мошини ӯ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд

Нисбат ба Ислом Анварзода, собиқ муовини прокурори ноҳия Фирдавсии пойтахт – гунаҳкори эҳтимолии садамаи нақлиёт, ки дар он овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, мутобиқи моддаи 212, қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нисбат ба Ислом Анварзода, собиқ муовини прокурори ноҳия Фирдавсии пойтахт – гунаҳкори эҳтимолии садамаи нақлиёт, ки дар он овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, мутобиқи моддаи 212, қ. 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод, ғайр аз ин, бо қарори тафтишот Анварзода аз кор дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон барканор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки то ҳодисаи садамаи нақлиёт ӯ ба ҳайси муовини прокурори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Ба гуфтаи манбаъ, муфаттишон ҳоло ба бозпурсии И.Акрамзода, ки дар бемористон бистарӣ аст, оғоз накардаанд.

Дар ин ҳодисаи садамаи нақлиёт автомашинаи истеҳсоли хориҷӣ, ки бо суръати баланд дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, ба автомашинаи КамАЗ бархӯрд. Мошинро муовини прокурори ноҳияи Фирдавси пойтахт Ислом Анварзодаи 29-сола идора мекард.

Дар маълумоти ВКД ҶТ қайд шуда буд, ки ронанда ва ду мусофири автомашинаи "Ленд Крузер-200" дар ҳолати мастӣ қарор доштанд.

Мусофири дохили автомашинаи мазкур сароянда Баҳром Ғафурии 44-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ҷасади ӯ дар зодгоҳаш – ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки бар асари ҷароҳатҳои бардошта дар садама, дасти чапи Ислом Анварзода бурида шуд.

Мусофири дигар Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида буд. Тақдири минбаъдаи ӯ алҳол номаълум аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.