Парвозҳои чартерии боз як ширкат аз Русия ба Тоҷикистон

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии«Red Wings Airlines»-и Русия барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Ширкат аз 30 август ба иҷрои парвозҳо бо ин хатсайр оғоз мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, шумори хатсайрҳои чартерӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон аз 1 сентябр зиёд мешавад.

“Шумори ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, зиёд шуд. Ҳозир ду ширкати ватании “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр”, ҳамчунин ду ширкати русиягии «Уральские авиалинии» ва «Red Wings Airlines» парвозҳоро иҷро мекунад”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки аз 1 сентябр ҳамарӯза ҳадди ақал ду бор аз Маскав ва дар ду рӯз як маротиба аз Санкт-Петербург парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, баъди аз ҷониби ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” ба иҷро расидани ҳамаи парвозҳои пешбинишуда (27 ва 30 август), ҳавопаймо бояд аз таъмири асосӣ гузарад.

“Баъзе қисму ҷузъҳои ҳавопаймо куҳна шуда, ширкат ният дорад, ки онро ба таъмири асосӣ диҳад. Ба ҷойи “Тоҷик Эйр” парвозҳоро ширкати русиягии «Red Wings Airlines» иҷро мекунад”, – илова кард манбаъ.

Дар хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар бораи таъмир чизе намедонанд ва ин масъаларо раҳбарияти ширкат ҳал мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон шаҳрвандон бояд бо худ маълумотнома дар бораи надоштани сироят аз коронавирус дошта бошанд, ки ташхисаш на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) то омадан гирифта шуда бошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола пешниҳоди маълумотнома зарурат надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...