Оғози омодагиҳо ба гузашти навбатии ҳарбӣ дар Душанбе

Наздики 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони пойтахт ба омодагӣ ҷиҳати гузаронидани гузаштаи навбатии ҳарбӣ оғоз намуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии низомӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр доир мегардад. Сафороӣ дар қаламрави Гвардияи миллӣ баргузор шуда, дар он Сарфармондеҳи олии […]

Наздики 6 ҳазор нафар сарбозону афсарони гарнизони пойтахт ба омодагӣ ҷиҳати гузаронидани гузаштаи навбатии ҳарбӣ оғоз намуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сафороии низомӣ ба муносибати 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр доир мегардад.

Сафороӣ дар қаламрави Гвардияи миллӣ баргузор шуда, дар он Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳузур хоҳад дошт.

Дар ин гузашти низомӣ сафарбарии техникаи ҳарбӣ дар назар дошта нашудааст.

Гвардияи миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1995 таъсис дода шуда, он замон онро гвардияи президентӣ ном мебурданд.

Моҳи январи соли 2004 ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

20 ноябри соли 2013 бо фармони президент генерал-майор Бобоҷон Ҷамолзода, собиқ фаромндеҳи яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Гвардияи миллии Тоҷикистон воҳиди мустақили таъиноти махсуси ҳарбӣ буда, бевосита ба президент ва Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ тобеъ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.