Таҳқиқот: Набудани қонунгузории мукаммал дар Тоҷикистон ҳаёти маъюбонро душвор месозад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи одамони дорои маъюбият аз шумори умумии аҳолии Тоҷикистон 1,7%-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя нисбатан пасттар аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти ТВ “Маркази рушди инноватсионӣ” хабар дода мешавад.

Шумори аҳолии Тоҷикистон ба аввали соли равон зиёда аз 9,3 млн нафарро ташкил дода, теъдоди одамони маъюб дар кишвар бо назардошти маълумоти дар таҳқиқот овардашуда ҳудуди 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Муаллифони таҳқиқот таъкид месозанд, ки сатҳи маъюбият аз шумори умумии аҳолӣ дар Қирғизистон ба 2,9%, Қазоқистон – 3,7% ва Русия – ба 8,2% баробар аст.

Гуфта мешавад, на ҳамаи маъбон корношояманд, аммо ба савол дар бораи аз ҷониби онҳо истифода шудани квотаҳои марказҳои таъмини шуғли маъбон, посухҳои мусбат кам будааст.

“Чунин ба назар мерасад, ки ин квотаҳо барои онҳо муносиб нестанд, зеро мувофиқи квотаҳо, кори маошаш пасту аз хона дур, шароити номуносиб пешниҳод мешавад. Бисёре аз пурсидашудагон дар бораи мавҷуд будани чунин квотаҳо чизе намедонистанд ё бар ин назар буданд, ки ба ин квотаҳо зарурат надоранд”, – қайд мешавад дар таҳқиқот.

Таҳқиқот чунин сабабҳоро аз ҷумлаи мушкилоти бо шуғл фаро гирифтани маъюбон арзёбӣ кардааст: мавҷуд набудани ҷойҳои кории кофӣ, надоштани тахассуси зарурӣ, рақобатпазирии нокофии корҷӯён дар бозор, хоҳиш надоштани маъюбонро ба кор қабул кардан.

Муаллифони таҳқиқот зикр мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ як қатор санадҳои қонунгузорӣ амал мекунанд, ки метавонанд нисбат ба шахсони маъюб истифода бурда шаванд.

“Аммо қонунгузории дахлдор то ҳол ба қисматҳо ҷудо шуда, санади мукаммали миллӣ, ки ба сифати нуқтаи ҳисоб барои хизматрасонӣ аз рӯйи маъбият истифода бурда шавад, вуҷуд надорад”, – таъкид мешавад дар таҳқиқот.

Ба ақидаи муаллифони таҳқиқот, боз як мушкилот риоя нашудани қонунҳои мавҷуда мебошад.

“Ҳарчанд дар қонунгузории миллӣ ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои маъюбон пешбинӣ шуда бошад ҳам, на ҳамеша онҳо дар амал истифода мешаванд. Ба ин тариқ, аксари чунин шахсон дарвоқеъ ба кумаки тиббӣ, маориф, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, шуғл ва баробарӣ дастрасӣ надоранд”, – омадааст дар таҳқиқот.

Қобили зикр аст, ки таҳқиқот пурсидани назари 823 нафар шахсони маъюб – 51,6% мардон ва 48,4% – занонро фаро гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...