Президент: маошу нафақаҳо пардохт ва маҳсулот захира шавад

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, супориш дод, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва […]

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, паҳншавии пандемияи бемории сироятии короновирус ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, супориш дод, ки ба хотири рафъи камбудию мушкилоти пешомада аз тамоми имконот васеъ ва самаранок истифода бурда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба истеҳсолу захираи маводи кофии озуқаворӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монанд.

Пас аз шунида шудани ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2016-2020, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои татбиқи пурраи ин Барнома аз тамоми имкону захираҳо ва таҷрибаи пешқадам истифода баранд.

Гуфта мешавад, мақсади асосии барномаи мазкур ин амалӣ намудани сиёсати ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи тухмипарварӣ, навъсанҷӣ, селексияи растанӣ, инчунин татбиқи бомуваффақияти он ва бунёди соҳае мебошад, ки дар мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ фаъолият намояд.

Ба масъулини вазорати кишоварзӣ бобати истифодаи самараноки замин, интихоби тухмиҳои хушсифату серҳосил дар вақти кишти зироатҳо ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Зикр мегардад, ки ба ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор доир ба таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.