ВКД аз марги нобаҳангоми генерал Алихон Раҳмонзода хабар дод

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Генерал – майор Алихон Раҳмонзода, сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз бемории коронавирус  дар шифохонаи маъруф ба “Якум Советски” шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ худи ҳамон  рӯз 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.

Тавре  Нусратулло Маҳмадзода, аз  маркази матбуоти ВКД  ба «Азия Плюс» хабар дод, Алихон Раҳмонзода аз марги нобаҳангом дар синни 62-солагӣ  даргузашт:  "Ӯ се рӯз пеш ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов интиқол ёфт.  Дирӯз  ҷон ба ҷаббор супурд.  Алихон Раҳмонзода аз беморӣ сахт ранҷ накашида, марги ӯ марги нобаҳангом буд.

Ба гуфти маркази матбуоти ВКД, Алихон Раҳмонзода яке аз мутахассисони беҳтарин  дар соҳаи худ ба масобаи як генерал буд.

Ёдовар мешавем, Раҳмонзода Алихон Футур – генерал-майори хизмати дохилӣ, 10 феврали соли 1958 таваллуд шуда, аз соли 1987 бо маълумоти  олии ҳуқуқшиносӣ  дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат намудааст. Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда,  бо  мукофотҳои ҳукуматӣ: медали «Ҷасорат» сазовор гаштааст.

Ӯ дар соҳаҳои – Ваколатдори оперативии шӯъбаи 3-юми РКҶ ВКД, ваколатдори оперативии шӯъбаи РКД ВКД, ваколатдори оперативии шӯъбачаи ташкилии методии РКҶ ВКД, ваколатдори калони оперативии шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РКҶ ВКД, сардори шӯъбаи РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои нашъамандии РМЗҶМ-и ВКД, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, сардори Раёсати корҳои ислоҳии ВКД, муовини вазир, сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия, муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, фармондеҳи Баталёни фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии (3502) Қӯшунҳои дохилии ВКД, командири Баталёни 1 фаврии таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...