Нарху тарифҳо байни кишварҳои ИДМ бештар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон боло рафтанд

Нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ӯзбекистон 4,6% ва Тоҷикистон – 4,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ). Гуфта мешавад, сатҳи нисбатан баландтари таваррум дар давраи зикршуда дар ду кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мизони таваррум дар Қазоқистон 4,2%, Беларус – 3,4%, Қирғизистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ӯзбекистон 4,6% ва Тоҷикистон – 4,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ).

Гуфта мешавад, сатҳи нисбатан баландтари таваррум дар давраи зикршуда дар ду кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мизони таваррум дар Қазоқистон 4,2%, Беларус – 3,4%, Қирғизистон – 3%, Русия – 2,6%,   Украина – 2%,  Озарбойҷон – 1,5%,   Молдова – 1,1%,   Арманистон – 1%-ро ташкил додааст.

Дар бораи нишондиҳандаҳои Туркманистон дар ин самт маълумот дода нашудааст.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи баланди таваррум дар ин давра дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ (7,5%) ба вуҷуд омад. Нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ва тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 0,6% афзуданд.

Дар ин давра аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази моеъ (13,8%), билетҳои ҳавопаймоӣ (30%) боло рафтааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби болоравии сатҳи таваррум, асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19), ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.