Кумаки яквақтаи раиси пойтахт ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки моддии яквақта ба собиқадорони Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин кумак  ба ифтихори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида мешавад. Гуфта мешавад, 22 собиқадори […]

Aваз Юлдошев, Аsia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи расонидани кумаки моддии яквақта ба собиқадорони Ҷанги Бзуруги Ватанӣ (ҶБВ), шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин кумак  ба ифтихори ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон расонида мешавад.

Гуфта мешавад, 22 собиқадори ҶБВ, ки дар пойтахт умр ба сар мебаранд, аз буҷети шаҳр ҳар кадоме 900 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

“353 нафар иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар Афғонистон, маъюбони садама дар неругоҳи атомии Чернобил, шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ ордену медалҳо гирифтаанд, 500-сомонигӣ мегиранд”, – қайд мешавад дар хабар.

Ҳамчунин ба муносибати ҷашн 4 ҳазору 717 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба сифати кумак ҳар кадоме бо 1 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, барои мукофотпулӣ ба собиқадорони ҶБВ ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт аз буҷети шаҳр дар маҷмӯъ 4 млн 913 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор карда шуданд, ки то 6 сентябр кумакҳоро шахсан ба дастони афроди дар боло зикршуда супоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.