Ивази раиси комиссияи Тоҷикистон оид ба масоили марзӣ бо Қирғизистон

Собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки 31 август бо фармони президент вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуд, дигар ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба фаъолият намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки 31 август бо фармони президент вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуд, дигар ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба фаъолият намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳад байни давлатҳо, ки ба наздикӣ доир мегардад, ҳайати Тоҷикистонро муовини дигари сарвазир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода роҳбарӣ мекунад.

Тавре қаблан хабар дода будем, фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт.

Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад.

Ҳамраиси комиссияи мазкур аз ҷониби Қирғизистон муовини сарвазири ин кишвар Акрам Мадумаров мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.