Ҳисор: боздошти зани 32-сола барои сайди ғайриқонунии моҳӣ

Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, зарари ба табиат расонидаи номбурда 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад. Чанде пеш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак аз ҷониби кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3102” ба гумони сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт шуд. Дар дохили автамашина  580 адад моҳии навъи ширмоҳӣ […]

Мувофиқи санад ва маълумотномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, зарари ба табиат расонидаи номбурда 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.

Чанде пеш, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак аз ҷониби кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи “ГАЗ-3102” ба гумони сайди ғайриқонунии моҳӣ боздошт шуд. Дар дохили автамашина  580 адад моҳии навъи ширмоҳӣ будааст.

Тавре  дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки моҳиҳои навъи ширмоҳӣ, ки вазнаш 30 килограммро ташкил медиҳад, ба зани 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дорад.

Ҳангоми бозҷӯӣ муаяйн карда шуд, ки  ин зан  моҳиҳоро аз шикорчӣ, марди 40-солаи сокини деҳаи Чинори шаҳри Ҳисор, ки аз дарё бо асбоби барқии манъкардашуда (электроудочка) сайд кардааст, харидорӣ намудааст.

Зарари он аз рӯйи ҳисоби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ 33 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.