Ҳамаи чорабиниҳои идона дар рӯзи ҷашни истиқлолият бекор шуданд

Ҳама  гуна чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон манъ  карда шуд . Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар. Дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус  таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода чунин тасмим гирифта шуд. Тибқи қарори қабул шуда,  дар қаламрави мамлакат гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои […]

Ҳама  гуна чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон манъ  карда шуд . Бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар.

Дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус  таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода чунин тасмим гирифта шуд.

Тибқи қарори қабул шуда,  дар қаламрави мамлакат гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ манъ мебошад.

Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ сайругашт намоянд. Инчунин ситоди ҷумҳуриявӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми сайругашт ниқоб пӯшидан ва масофаи 1,5-2 метрро нигоҳ доштан лозим аст.

«Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистонро ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ даъват мекунад", – омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.