Эълони парвози чартерии ширкати “Сомон Эйр” ба Минск

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба маълумоти ҳамагон мерасонад, ки 10-уми сентябри соли ҷорӣ бо хатсайри Душанбе-Минск-Душанбе парвози чартерӣ анҷом медиҳад.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, инчунин шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки барои вуруд / транзит ба қаламрави Беларус ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, имкон доранд бо хастайри мазкур аз Душанбе ба Минск сафар намоянд”, – қайд мешавад дар маълумоти ширкат дар саҳифаи Facebook.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе 03:00, аз Минск – 07:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Барои парвоз аз Минск ба Душанбе шаҳрвандони хоҳишманди Тоҷикистон метавонанд барои сабти ном ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Беларус ва Украина муроҷиат намоянд.

“Шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Душанбе парвоз кунанд, бояд иҷозатномаи вуруд, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз СOVID-19-ро дошта бошанд”, – омадааст дар маълумот.

Тамос бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус:

Тел: +375175490183

Е-mail: [email protected]

Тамос бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина:

Тел: +380950162777

E-mail: [email protected].

“Ба диққати мусофирони ба Беларус сафаркунанда мерасонем, ки ҳама шаҳрвандони аз Тоҷикистон ба Беларус воридшаванда, новобаста аз мансубияти миллиашон, аз гӯшанишинии 14-рӯза озоданд, – зикр мешавад дар хабар. – Бо худ доштани маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19, ки ду рӯз пеш аз вуруд ба Беларус пешниҳод шудааст, ҳатмӣ набуда тавсия дода мешавад. Маълумоти навтаринро дар бораи чораҳои пешгирии паҳншавии COVID-19 дар сомонаи Вазорати тандурустии Беларус пайдо кардан мумкин аст. Маълумот дар бораи чораҳои пешгирикунанда дар Фурудгоҳи Миллии Минск дар сомонаи фурудгоҳ дастрас аст".

Маълумоти бештар дар сомонаи http://tajikistan.mfa.gov.by”.

Мусофирони хатсайрҳои чартерии ба Тоҷикистон иҷрошаванда огоҳ карда мешаванд, ки тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

“Мувофиқи дастури Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (PCR) гирифта шудааст ва давоми 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд”, – қайд мешавад дар хабар.

Дар сурати доштани маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирус (COVID-19) шаҳрвандони кишвар ҳангоми ворид шудан ба Тоҷикистон аз санҷиши ҳатмӣ ва карантин озод карда мешаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои хариди чипта ва гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

Маркази маълумотдиҳии “Сомон Эйр”:

+992 (93) 777 74 59,

+992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

+992 (918) 74 33 31,

+992 (98) 586 68 86,

+992 (98) 504 03 65,

[email protected],

Агентии алоқаи ҳавоӣ:

+992 (98) 807 10 00,

+992 (98) 880 87 87,

+992 (93) 501 24 24.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...