Суди Хатлон сокини маҳаллиро ба ҳабси абад маҳкум кард

Сокини вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоев ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар шаҳри Екатеринбурги Русия 13 апрели соли 2017 тоҷикистонии дигар – ҳамдиёр ва ҳамнасаби худ Идибек Саъдуллоевро мекушад. “Бо сабаби хусумати шахсӣ доштан ӯ Идибекро бо роҳи буғӣ кардан мекушад ва сипас бо корд аъзои бадани ӯро ҷудо карда, дар халтаҳои полиэтиленӣ ҷой мекунад […]

Сокини вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоев ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштан дар шаҳри Екатеринбурги Русия 13 апрели соли 2017 тоҷикистонии дигар – ҳамдиёр ва ҳамнасаби худ Идибек Саъдуллоевро мекушад.

“Бо сабаби хусумати шахсӣ доштан ӯ Идибекро бо роҳи буғӣ кардан мекушад ва сипас бо корд аъзои бадани ӯро ҷудо карда, дар халтаҳои полиэтиленӣ ҷой мекунад ва дар ҷойҳои гуногун мепартояд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, пас аз як рӯзи содир намудани ин ҷиноят ӯ тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон бармегардад.

Гуфта мешавад, баъди аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Русия дар бораи ин ҳодиса хабар додан ба ҳамтоҳои тоҷики худ, прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба Анвар Саъдуллоев аз рӯйи далели куштор бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз мекунад.

Зикр мегардад, ки охири моҳи гузашта суди вилояти Хатлон Анвар Саъдуллоевро ба ҳабси якумра маҳкум кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.