Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барқарор шуд

Ширкати энергохолингии “Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишвари ҳамсояи Афғонистон барқарор кард. Ба гуфтаи роҳбари дафтари матбуоти ширкат Нозир Ёдгорӣ, содироти барқ ба ҳамсоякишвар ба туфайли захираи кофии об дар обанбори Норак ва беҳбуди вазъ дар масъалаи таъминот бо барқ имконпазир шуд. “Айни замон Афғонистон аз Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 1,3 млн киловатт соат […]

Ширкати энергохолингии “Барқи тоҷик” интиқоли барқро ба кишвари ҳамсояи Афғонистон барқарор кард.

Ба гуфтаи роҳбари дафтари матбуоти ширкат Нозир Ёдгорӣ, содироти барқ ба ҳамсоякишвар ба туфайли захираи кофии об дар обанбори Норак ва беҳбуди вазъ дар масъалаи таъминот бо барқ имконпазир шуд.

“Айни замон Афғонистон аз Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 1,3 млн киловатт соат неруи барқ мегирад, – иброз дошт вай. – Дар сурати пайдо шудани дигар имкониятҳо, кӯшиш мекунем, ки интиқоли барқро ба ин кишвар зиёд кунем”.

Зимнан зикр шуд, ки ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи барқарор намудани содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ баррасӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷи кишвар қатъ кард. Ин тасмимро ҳукумат ба коҳиши маҷрои об дар дарёи Вахш ва мутаносибан мушкилоти ба таври кофӣ захира нашудани об дар обанбори Норак нисбат дод.

Рӯзи 3 сентябр ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ба таври кофӣ захира шудани об дар обанбори неругоҳи Норак хабар дод.

Бино ба маълумоти ширкат, давоми 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон 546,6 млн кВт/с ва ба Ӯзбекистон – 358,3 млн кВт/соати неруи барқ интиқол дода шудааст.

Соли 2019 ҳаҷми содироти барқ ба Афғонистон 1 млрд 458,2 млн кВт/соат (ба маблағи 60,6 млн доллар) ва Ӯзбекистон – 1 млрд 425,1 млн кВт/соат (ба маблағи 28,5 млн доллар)-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.