КҲФ: пешгирии худкушӣ ва дарёфти ҷасади ронанда аз дарё

Нимашаби 6 сентябр аз навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Синои пойтахт ба навбатдори оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар расид, ки як зан худро аз пули воқеъ дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ба замин партофтанист. Тавре сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, наҷотбахшони Раёсати Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар […]

Нимашаби 6 сентябр аз навбатдори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Синои пойтахт ба навбатдори оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар расид, ки як зан худро аз пули воқеъ дар маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе ба замин партофтанист.

Тавре сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, наҷотбахшони Раёсати Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, онҳо тавонистанд занро муътақид созанд, ки аз пул худро напартояд.

“Ин зани 49-сола сокини шаҳри Душанбе буда, пас аз безарар аз пул гирифтанаш барои расидагӣ ба мушкилаш ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳодисаи дуюм наҷотбахшони Кумита дарҳол ба як хонаи дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт воқеъбуда ҳозир шуда, дари оҳании онро, ки қулф шуда буду сокинонаш дохили он монда буданд, безарар кушоданд.

Ғайр аз ин, наҷотбахшон ҷасади ронандаеро дарёфт намуданд, ки аз 18 август ҷустуҷӯ доштанд.

Ёдрас мекунем, ки 18 август бар асари садамаи нақлиёт дар километри 55-уми роҳи Душанбе – Варзоб автомашинаи сабукрави “Мерседес-Бенс” бо 4 мусофир ба дарёи Варзоб сарозер шуда, ба наҷотбахшон дарёфи часади 2 нафар мусофирони автомашина муяссар шуд.

“Рӯзи 6 сентябр дар километри 50-уми роҳ наҷотбахшони Кумита ҷасади ронандаи автомашина, сокини 57-солаи Душанберо дарёфтанд, – гуфт Умеда Юсуфӣ. – Ҷустуҷӯи ҷасади 2 мусофири боқимонда идома дорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.